Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021: дар дербии хуҷандӣ «Эсхата» ғолиб шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021: дар дербии хуҷандӣ «Эсхата» ғолиб шуд

Рӯзи якшанбеи 6-уми июн ду бозии мавқуфгузоштаи Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар бозии ба таъхиргузоштаи даври ҳаштум “Эсхата” бар “Хуҷанд” бо ҳисоби 3 бар 2 дастболо шуд. Баъди ин ғалаба «Эсхата» ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа баромад.  Ду голи задаи легионери узбекистонӣ Акобир Тӯраев ва як голи Рустам Сабуров се имтиёзи гаронбаҳоро насиби “бондорон” кард.

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври нуҳум «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бар “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Ҳарду голи кӯлобиҳоро легионери ганагӣ  Эффаҳ Кингслей Осей зад.

Алоқамандона ба иштироки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи мутамарказонидашудаи қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Ҷопон бозиҳои қисми дуюми Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 рӯзи 20-уми июн шурӯъ хоҳанд шуд.

 

Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ

Бозии мавқуфгузоштаи даври 8-ум

«Эсхата» – «Хуҷанд» – 3:2

ГолҳоДилшод Бозоров, 8 (0:1). Рустам Сабуров, 44 (1:1). Акобир Тураев, 45+2 (2:1). Акобир Тураев, 66 – аз пеналти (3:1). Артём Сердюк, 75 – аз пеналти (3:2).

«Эсхата» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Шаҳзод Абдураҳимов, Амирҷон Ҳомидов (Нарзулло Раҷабов, 61), Дилшод Каримов, Рустам Сабуров, Мубинҷон Муминов (Умедҷон Одинаев, 90+3), Иброҳимхон Эшонхонов, Абдураҳмон Узоқов, Боҳирҷон Сангинбоев (Икром Каримҷонов, 90+3), Акобир Тураев (Бахтовар Зокиров, 89).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Алексей Матросов, Наимҷон Ибрагимзода, Фирдавс Чақалов, Самандар Очилов, Максим Грек (Парвиз Боқиев, 46), Бахтиёр Чориев (Тоҳир Малодӯстов, 67), Эҳсон Бобоев, Ҳоҷибой Зиёев (Алишер Баротов, 56), Далер Ёдгоров, Дилшод Бозоров, Артём Сердюк.

Огоҳонида шуданд: Амирҷон Ҳомидов, Шаҳзод Абдураҳимов, Мубинҷон Муминов («Эсхата»), Парвиз Боқиев, Ҳоҷибой Зиёев («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣАкобир Тураев («Эсхата»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доваронУмед Раҳимов (Бохтар).

Комиссари бозӣСубҳон Шодиев (Душанбе).

6 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 3200 тамошобин.

 

Бозии мавқуфгузоштаи даври 9-ум

«Равшан» – «Кӯктош» – 2:0

Голҳо: Эффах Кингслей Осей, 11 (1:0). Эффах Кингслей Осей, 53 (2:0).

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Ҳасан Рустамов, Сайдамири Сайдаҳмад, Далер Шомуродов, Бенджамин Асамоа, Амирҷони Фаррухзод, Абдураҳмон Нозимов, Нодирбек Ибрагимов, Сафаралӣ Каримов (Шодиҷон Муродов, 6), Наврӯз Рустамов (Аваз Қамчинов, 69), Эффах Кингслей Осей (Анвар Муродов, 75).

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Равшан Содиров, Аҳтамҷон Холбоев, Муҳаммадҷон Раҳмонов (Асадбек Исломов, 46), Алиҷон Алиҷонов, Сӯҳроб Раҳмонов, Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, Расул Пайзов (Муҳсинҷон Абдуғаффоров, 58), Алишер Холмуродов (Сироҷиддин Гулмуродов, 46), Шарафҷон Солеҳов (Вайсиддин Сафаров, 85), Азизбек Султонов, Амирҷон Сафаров (Насимҷон Муҳаммадиев, 69).

Огоҳонида шудандБенҷамин Асамоа, Абдураҳмон Нозимов («Равшан»), Сӯҳроб Раҳмонов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣЭффах Кингслей Осей («Равшан»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири доварон: Турдибек Қӯшназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

6 июн. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1200 тамошобин.

 

    Ғ Б М П М О
1 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 5 1 2 17-8 16
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 9 4 2 3 16-14 14
3 «Хатлон» (Бохтар) 8 3 3 2 9-7 12
4 «Файзканд» (Восеъ) 8 3 3 2 8-7 12
5 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 9 3 2 4 10-16 11
6 «Равшан» (Кӯлоб) 8 2 3 3 10-11 9
7 «Истаравшан» (Истаравшан) 8 2 3 3 8-9 9
8 «Душанбе» (Душанбе) 8 2 3 3 13-16 9
9 «Истиқлол» (Душанбе) 3 2 1 0 4-1 7
10 КМВА (Душанбе) 9 1 3 5 9-15 6

 

Нишонзанҳо: Акобир Тураев («Эсхата») – 7 гол, Абдухалил Боронов («Файзканд»), Артем Сердюк («Хуҷанд») – 6 голӣ, Эффах Кигслей Осей («Равшан»), Люк Менджана Леонел («Душанбе») – 4 голӣ, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Нуриддин Ҳамроқулов, Тоҳирҷон Тағойзода (ҳарду аз «Хатлон»), Шервони Мабатшоев (КМВА) – 3 голӣ.

 

Дар даври 10-ум вомехӯранд:

20 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Эсхата» – «Душанбе»

«Файзканд» – «Хатлон»

21 июн (душанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

«Истаравшан» – КМВА

«Кӯктош» – «Равшан»

Назари худро бинависед