Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона оғоз ёфт – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона оғоз ёфт

Рӯзи якшанбеи 19 апрел, чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занонаи Тоҷикистон бо ширкати 10 даста оғоз ёфт.

Дар бозии марказии даври ифтитоҳӣ ду дастаи муддаии асосии медалҳои тиллои чемпионат – “Зебонисо” (Душанбе) ва “Хатлон” (Бохтар) вохӯрданд. Бозӣ хеле пуршиддату тамошобоб сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 1 бар 0 ба фоидаи бонувони футболбози бохтарӣ поён ёфт. Голи ягонаи дастаи “Хатлон”- ро Муҳайминаи Гулаҳмад ба нишон расонд.

Инчунин, бо ҳамин ҳисоб «Зебо» бар «Регар-ТадАЗ» ва «Барқ» бар  «Равшан» дастболо шуданд.

Дар бозии дигари даври ифтитоҳӣ “Чашма” бар “Панҷшер” бо ҳисоби 6 бар 1 зафар ёфта, дастаи футболи бонувони «Бешкента» ба дарвозаи футболбоздухтарони «Ҳосилот» ду голи беҷавоб зад.

Ёдрас мешавем, ки чемпионати футболи занонаи Тоҷикистон аз ду қисм иборат буд, датаҳо дар майдони худ ва дар майдони рақиб бо ҳам вомехӯранд. Ба ин тартиб, ҳар як даста дар мавсим 18 бозӣ мегузаронад.

 

Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи занона

Натоиҷи даври аввали чемпионат

«Зебонисо» – «Хатлон» – 0:1

«Бешкент» – «Ҳосилот» – 2:0

«Панҷшер» – «Чашма» – 1:6

«Регар-ТадАЗ» – «Зебо» – 0:1

«Равшан» – «Барқ» – 0:1

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Чашма» (Шаҳритус) 1 1 0 0 6-1 3
2 «Бешкент» (Носири Хусрав) 1 1 0 0 2-0 3
3 «Барқ» (Норак) 1 1 0 0 1-0 3
4 «Хатлон» (Бохтар) 1 1 0 0 1-0 3
5 «Зебо» (Дӯстӣ) 1 1 0 0 1-0 3
6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 0 0 1 0-1 0
7 «Зебонисо» (Душанбе) 1 0 0 1 0-1 0
8 «Барқ» (Норак) 1 0 0 1 0-1 0
9 «Ҳосилот» (Фархор) 1 0 0 1 0-2 0
10 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 1 0 0 1 1-6 0

 

Дар даври 2-юм вомехӯранд:

26 апрел (якшанбе)

«Хатлон» – «Барқ»

«Зебо» – «Равшан»

«Чашма» – «Регар-ТадАЗ»

«Ҳосилот» – «Панҷшер»

«Зебонисо» – «Бешкент»

Назари худро бинависед