Чемпионати Тоҷикистон-2020: мубориза барои мондан дар лигаи олӣ шиддат мегирад – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон-2020: мубориза барои мондан дар лигаи олӣ шиддат мегирад

Дар рӯзи аввали бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2020 вохӯриҳо асосан бо иштироки дастаҳое сурат гирифтанд, ки ин дастаҳо талоши дар лигаи олии мамлакат монданро доранд. Дар ҳоли ҳозир, яъне се давр пеш аз ба охир расидани чемпионат, ягон даста имкони нигоҳ доштани ҷои худро дар лигаи олӣ ҳанӯз аз даст надодааст.

Дар даври шонздаҳум «Локомотив-Помир» бар КМВА бо ҳисоби 3:2 зафар ёфт. Се имтиёзро ба  «роҳиоҳанчиён» зарбаҳои амиқи Азизбек Ҳасанов, Озодбек Панҷиев ва Манучеҳр Сафаров овард.

Дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд «Файзканд» бо «Душанбе-83» мусовӣ (1:1) бозӣ карда, имтиӯзҳоро тақсим натуданд. 1:1. Ба голи задаи легионеи ганагии «Душанбе-83» Люка Менҷан Леонеля, воеъгиҳо бо голи аз зарбаи пеналти задаи Шарафҷон Солеҳов ҷавоб гуфтанд.

Дар бозии дигари ин давр “Истаравшан” дар майдони худ бо ҳисоби калони 4 бар 0 “Регар-ТадАз”-ро шикаст дод. Дар ин бозӣ се голро Илҳом Баротов ва як голро Абдураҳмон Қурбонов ба самар расонданд.

Барномаи бозиҳои ин давр бо баргузории бозӣ байни дастаҳои «Хатлон» – «Истиқлол» ва «Хуҷанд» – «Кӯктош» анҷом хоҳад шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Локомотив-Помир» – КМВА – 3:2

ГолҳоШервони Мабатшоев, 31 – аз пеналти (0:1). Азизбек Ҳасанов, 56 (1:1). Озодбек Панҷиев, 60 (2:1). Шодибек Ғаффоров, 69 (2:2). Манучеҳр Сафаров, 86 (3:2).

19 сентябр. Рӯдакб. Варзишгоҳи «Нефтяник».

 

«Файзканд» – «Душанбе-83» – 1:1

ГолҳоЛюк Менджана Леонел, 15 (0:1). Шарафҷон Солеҳов, 72 – аз пеналти (1:1).

19 сентябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Истаравшан» – «Регар-ТадАЗ» – 4:0

ГолҳоИлҳом Баротов, 22 (1:0). Илҳом Баротов, 65 (2:0). Илҳом Баротов, 71 (3:0). Абдураҳмон Қурбонов, 87 (4:0).

19 сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 14 13 1 0 57-7 40
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 14 9 2 3 23-16 29
3 «Хатлон» (Бохтар) 14 6 5 3 23-19 23
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 14 5 5 4 21-18 20
5 КМВА (Душанбе) 15 5 5 5 23-23 20
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 15 4 5 6 17-24 17
7 «Файзканд» (Восеъ) 15 3 7 5 14-25 16
8 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 15 3 4 8 14-24 13
9 «Истаравшан» (Истаравшан) 15 3 3 9 21-33 12
10 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 15 2 3 10 17-41 9

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Илҳом Баротов («Истаравшан») – 12 голӣШериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 гол, Рустам Соиров («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Шодибек Ғаффоров (КМВА) – 7 голӣ, Парвиз Боқиохунов («Хатлон») – 6 голӣНозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83»), Худойдод Узоқов («Хатлон»), Шервони Мабатшоев (КМВА) – 5 голӣ.

Назари худро бинависед