«CAFA Nations Cup 2023»: тими миллии Тоҷикистон бозии якуми худро бо дастаи Туркманистон анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

«CAFA Nations Cup 2023»: тими миллии Тоҷикистон бозии якуми худро бо дастаи Туркманистон анҷом медиҳад

Тақвими бозиҳои мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2023», ки аз 10 то 20 июн таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, муайян шуд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Уммон ҷойгир шуд. Бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Тошканд баргузор мешаванд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июн бо тими миллии Туркманистон анҷом медиҳад.

Дар даври дуюм 14-уми июн дастаи мо бо Уммон бозӣ мекунад. Ва дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ 17-уми июн тими миллии Тоҷикистон бо мунтахаби Ӯзбекистон вомехӯрад.

Бар асоси низомномаи Ҷоми миллатҳои CAFA, дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешаванд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои зинаи сеюм мубориза мебаранд.

 

🏆 Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ

♦️ Гурӯҳи «А»

🇺🇿 Ӯзбекистон (мизбони гурӯҳ)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇹🇲 Туркманистон

🇴🇲 Уммон

 

⚽️ Даври 1

📅 11 июн (якшанбе)

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇹🇲 Туркманистон

🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇴🇲 Уммон

 

⚽️ Даври 2

📅 14 июн (чоршанбе)

🇴🇲 Уммон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇹🇲 Туркманистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон

 

⚽️ Даври 3

📅 17 июн (шанбе)

🇺🇿 Ӯзбекистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇹🇲 Туркманистон – 🇴🇲 Уммон

Назари худро бинависед