Бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2020 баргузор шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2020 баргузор шуданд

Бозиҳои марҳилаи пешкии Ҷоми Тоҷикистон-2020 баргузор шуданд ва аз рӯи натиҷаи онҳо дастаҳои футболи «Равшан (Кӯлоб), «Равшан» (Зафаробод), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Моҳир» (Ёвон) ва «Эсхата» (Хуҷанд) ба бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бозии марҳилаи пешакии Ҷоми Тоҷикистон байни “Саройкамар” (Панҷ) ва “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ) бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дастаи ноҳияи Панҷ анҷом ёфт, аммо “Саройкамар” қоидаи муқарраргаштаи ивазшавии бозигаронро вайрон намуда, ба ҷои се имконияти дар вақти бозӣ барои ивазшавии бозигарон қароршуда, аз чор имконият истифода намуд. Ин мавзу дар ҷаласаи навбатии Кумитаи назорати интизоми Федератсия баррасӣ мешавад.

Ёдрас мешавем, ки имсол тартиби баргузории мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон тағйир ёфт. Қаблан, дар ҳар марҳилаи мусобиқа дастаҳо аз рӯи натиҷаи ду бозӣ (дар сафар ва дар майдони худ) муайян мешуданд. Дар мавсими имсола бошад, дар ҳар як марҳилаи мусобиқа (пешакӣ, 1/8, 1/4, 1/2 финали) ғолиб аз рӯи натиҷаи як бозӣ муайян мешавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дастаҳои соҳиби майдон мутобиқи қуръакашӣ аз рӯи сеткаи Ҷоми Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Марҳилаи пешакӣ

«Саройкамар (Панҷ) – «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – 2:1

«Равшан (Кӯлоб) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 3:2

«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» (Душанбе) – 6:1

«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Барқчӣ» (Ҳисор) – 2:2. Бо пеналти – 0:3

«Ҳосилот» (Фархор) – «Моҳир» (Ёвон) – 1:4

«Исфара» (Исфара) – «Эсхата» (Хуҷанд) – 1:5

Назари худро бинависед