Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020 ва бозиҳои чемпионати кишвар бе иштироки тамошобинон хоҳанд гузашт – Федерация Футбола Таджикистана

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020 ва бозиҳои чемпионати кишвар бе иштироки тамошобинон хоҳанд гузашт

Бо қарори Федератсияи футболи Тоҷикистон бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2020, ки дар он чемпиони феълӣ ва дорандаи Ҷоми мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе ва витсе-чемпионати Тоҷикистон “Хуҷанд”-и Хуҷанд вомехӯранд, бе иштироки тамошобинон хоҳад гузашт.

Ин тадбирҳо бо назардошти ҳифзи саломатии аҳолӣ андешида мешаванд. Қаблан, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода буд, ки бо сабаби таҳдиди коронавирус чорабиниҳои оммавӣ коҳиш дода шаванд. Федератсияи футболи Тоҷикистон ин тавсияро дастгирӣ карда, барои эҳтиёт, бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистонро бо иштироки дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки рӯзи 4 апрел, соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад тасмим гирифта шуд, ки бе иштироки тамошобинон баргузор намояд.

Илова бар ин, бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, ки 5 апрел оғоз меёбад, муваққатан бидуни тамошобинон баргузор мешаванд.

 

Суперҷоми Тоҷикистон-2020

4 апрел (шанбе)

Оғоз соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

5 апрел (якшанбе)

Оғоз соати 16:00

«Локомотив-Помир» – «Файзканд»

«Хатлон» – «Истаравшан»

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

8 апрел (чоршанбе)

Оғоз соати 16:00

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

КМВА – «Хуҷанд»

Назари худро бинависед