Ба Билол Бобоев шифои оҷилу комил таманно дорем! – Федерация Футбола Таджикистана

Ба Билол Бобоев шифои оҷилу комил таманно дорем!

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) Билол Бобоев дар бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «Е» муқобили тими миллии Малайзия ҷароҳати вазнин бардошт.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи тиббии Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаррух Авезов, дар пойи Билол Бобоев шикасти устухонҳо муайян карда шуд. Нимҳимоятгари тими ҷавонони кишвар ҷарроҳӣ карда мешавад. Муҳлати барқароршавии бозигар аз чор то шаш моҳро дар бар мегирад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Билол шифои оҷилу комил таманно намуда, интизори ҳарчӣ зудтар баргаштани ӯ ба майдон аст!

Назари худро бинависед