Имрӯз, 12 феврал, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон нишасти васеъи Кумитаи тадорукоти баргузории “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оиди рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, ноибони президенти Федератсия Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов, инчунин намояндагони Федератсияҳои футболи минтақаҳо иштирок намуданд.
“Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оиди рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” аз ҷониби департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсати варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” ва “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021” таҳия гардида, дурнамои рушди футболро дар деҳоти кишвар ифода менамояд.
Ҳадафҳои асосӣ аз роҳандозии Барнома тақвият бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.
Дар нишасти мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо баромад намуда, ҷиҳати мукамал гардонидани Барнома дастуру супоришҳои муфид доданд.
Қарор шуд, ки “Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оиди рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024” бо баъзе тағйиру иловаҳо барои тасдиқ ба мақомотҳои зарурӣ пешниҳод шавад.