Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар чемпионати CAFA-2024 – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар чемпионати CAFA-2024

Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич дар бораи ҳайати ниҳоии даста барои ширкат дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 5 то 12 моҳи июли соли ҷорӣ дар Чалолобод (Қирғизистон) баргузор мешавад, тасмим гирифт.

Ба ҳайати ниҳоии дастаи ҷавонони мо 22 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил гаштанд. Қисмати асосии дастаи мунтахаби кишварро футболбозони дастаи «Барқчӣ» -и Ҳисор ташкил медиҳанд. Ба далели он ки чемпионати CAFA-2024 дар рӯзҳои ФИФА баргузор намешавад, легионерон наметавонанд дар мусобиқаи болозикр ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бипайванданд.

Дар чемпионати CAFA-2024 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» баромад мекунад. Ҳарифи дастаи мо ҷавонони Афғонистон (7 июл) ва Қирғизистон (9 июл) мебошанд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои Ӯзбекистон, Эрон ва Туркманистон мубориза мебаранд.

 

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) барои ширкат дар чемпионати CAFA-2024:

Дарвозабонҳо: Шаҳобиддин Маҳмудзода («Барқчӣ»), Муҳаммад Абдулҳадов («Панҷшер»), Зафар Баҳруллозода («Шодмон»);

Ҳимоятгарон: Баракатулло Нигматуллозода, Ҷовидон Хушвахтов, Бахтовар Ғаюров, Миқдод Розиқов, Рустам Камолов, Шаҳбон Наимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Амири Фарҳод («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Юнус Исматуллоев, Меҳрубон Ҳамидов, Фирдавс Раҳимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Ҳоҷӣ Абдуманон, Азизбек Муротов (ҳарду аз «Эсхата»), Азизбек Далиев («Хуҷанд»), Муҳаммад Муҳаммадзода («Равшан»);

Ҳамлагарон: Масрур Ғафуров, Билол Бобоев, Ориёнмеҳр Холиқзода, Шерзод Раҷабов (ҳама аз «Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Милош Костич (Словения).

 

🏆 Чемпионати CAFA-2024 байни дастаҳои ҷавонон (U-20):

Гурӯҳи «А»

🇰🇬 Қирғизистон

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН

🇦🇫 Афғонистон

 

Гурӯҳи «В»

🇺🇿 Ӯзбекистон

🇮🇷 Эрон

🇹🇲 Туркманистон

Назари худро бинависед