Аҳлиддин Турдиев: «Чемпионати CAFA – марҳилаи муҳими омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023» – Федерация Футбола Таджикистана

Аҳлиддин Турдиев: «Чемпионати CAFA – марҳилаи муҳими омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023»

Сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) Аҳлиддин Турдиев дар нишасти хабарии пеш аз мусобиқа гуфт, ки чемпионати дар пеш истодаи CAFA-2022 дар Душанбе марҳилаи муҳими омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба ҳисоб меравад.

 

Аҳлиддин ТУРДИЕВ, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19): 

– Мусобиқаи CAFA яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки дар он мо бо дастаҳои Лубнон, Сингапур ва Камбоҷа бозӣ хоҳем кард. Дар чемпионати интизор мо чор вохӯрии хуби санҷишӣ бо Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон мегузаронем. Мутаассифона, дар мусобиқаи CAFA мо ба чанд бозигар умед баста наметавонем. Аз ҷумла Амадонӣ Камолов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Абдулфаттоҳ Худойдодзода ва Меҳрубон Каримов дар бозиҳо ширкат нахоҳанд кард, вале мо дар бозиҳои муҳими марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё онҳоро ҳатман даъват мекунем. Ҳоло аз бозӣ ба бозӣ омодагӣ мебинем. Вазифаи мо ин аст, ки дар ҳар бозӣ ғалаба карда, бозии хуб нишон диҳему ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омода бошем.

Назари худро бинависед