Собиқ сардори тими овозадори «Помир»-и Душанбе, собиқадори футболи тоҷик Зокир Урунов имрӯз, 28 апрел 70-сола шуд.
Аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҷомеаи футболи кишвар Зокир Додоҷоновичро бо 70-умин баҳори умр табрик мегӯем. Ба соҳибҷашн саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва муваффақиятҳо орзу мекунем.