Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Шаҳром Самиев дар бораи бозии дарпешистода бо тими миллии Филиппин дар мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024, ки рӯзи 8 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад, ибрози назар кард.
Шаҳром САМИЕВ, ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон:
– Дар ин бозӣ мо танҳо барои ғалаба рақобат хоҳем кард. Ҳарчанд тими миллии Филиппин дар раддабандии ФИФА аз мо поинтар аст, вале рақибон ботаҷрибаанд ва бисёре аз бозигарони онҳо дар Аврупо ҳунарнамоӣ мекунанд. Медонем, ки вохӯрии душвор моро интизор аст, аммо ҳамаи кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем, то натиҷаи мусбӣ ба даст орем.