Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини ҳайатро барои мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 17 то 24 август дар Душанбе баргузор мешавад, эълон кард.
Ба рӯйхат 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил гардиданд.
Дар чемпионати наврасони CAFA-2024 аз минтақа шаш даста – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.