Маросими қуръакашии 43-юмин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека» баргузор шуд, ки дар паи он рақиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян гашт.
Дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Лубнон бозӣ мекунад. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ тимҳои Малайзия ва Филиппин вомехӯранд. Ин вохӯриҳо рӯзи 4 сентябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор мешаванд.
Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал ва мағлубшудагон дар рақобат барои ҷойи сеюм вомехӯранд. Бозиҳои ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Мердека-2024 рӯзи 8 сентябр доир мешаванд.
Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон барандаи феълии Ҷоми Мердека мебошад. Соли гузашта дастаи мо дар финали мусобиқа бар яккачини Малайзия бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд.