Федератсияи футболи Тоҷикистон лоиҳаи нави ФИФА – «Talent Development Scheme»-ро дар кишвар амалӣ мекунад. Ин лоиҳаи ҷустуҷӯи истеъдодҳо ва рушди бозигарон барои дастаҳои мунтахаб мебошад.
Соли 2023 Федератсияи футболи Тоҷикистон як ҷузъи барномаи густурдаи «FIFA Talent Development Scheme» гардид. Бар асоси маълумоте, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод кард, ФИФА вазъи футболи Тоҷикистонро омӯхта, чанд тавсия додааст.
Раёсати техникии ФФТ барномаи рушди техникиро то соли 2026 таҳия намуд, ки дар он самтҳои калидӣ ва афзалиятноки рушд тавсиф шудааст. Яке аз онҳо дарёфти футболбозони боистеъдод аст, ки аз ҳама муҳим ба ҳар як бозигар имкон дода мешавад, то худро нишон диҳад. Бозингароне, ки аз рӯйи ин система соли 2023 интихоб шуданд, имрӯз пояи дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро (U-16) ташкил медиҳанд, ки ду сол пайиҳам дар мусобиқоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бомуваффақият ширкат варзида, ғолиб гардид. Ҳадафи раёсати техникии ФФТ назорати рушд ва пешрафти ин бозигарон аст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон имсол дар чаҳорчӯби ин тарҳ тасмим гирифтааст, ки бозигарони аз 12 то 16-соларо муайян ва барои мураббиёни боистеъдоди дастаҳои наврасону занона семинарҳо гузаронад. Чанде пеш раёсати техникии ФФТ барои мураббиёни дастаҳои наврасон дар мавзӯи «Банақшагирии микросикли ҳафтаина дар давраи омодагӣ» семинар баргузор намуд. Дар баробари ин семинар барои 23 бозигаре, ки моҳи декабр аз миёни 65 нафар бозигарони боистеъдоди то 14-сола интихоб шуданд, ҷамъомади таълимӣ гузаронида шуд. Моҳи март барои дастаҳои занона чунин чорабиниҳо ташкил карда мешаванд.