Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Амадонӣ Камолов дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо тими миллии Покистон беҳтарин бозигар эътироф гардид.
Ин дидор 21-уми ноябр дар варзишгоҳи “Ҷинна”-и Исломобод баргузор шуд ва бо пирӯзии бузурги мунтахаби Тоҷикистон – 6:1 анҷом ёфт. Амадонӣ Камолов дар дақиқаҳои 9 ва 66-уми бозӣ ба дарвозаи мунтахаби Покистон гол зад.
Қобили зикр аст, ки ин дуюмин ҳунарнамоии Амадонӣ Камолов дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вай аввалин маротиба дар ҳайати тими миллии кишвар дар рақобати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо яккачини Урдун (1:1) баромад карда буд.