Довари марказии бозии «Хуҷанд» – «Равшан» муҷозот карда шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Довари марказии бозии «Хуҷанд» – «Равшан» муҷозот карда шуд

Довари марказии бозии даври чоруми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2023 байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» ва «Равшан» Амирҷон Хоркашев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуд.

Бозии «Равшан» – «Хуҷанд» рӯзи 16 апрел дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз тамошо ва таҳлили маводи видеоии ин вохӯрӣ ба хулосае омад, ки довари марказӣ Амирҷон Хоркашев дар дақиқаи 14-ум ба дарвозаи дастаи Хуҷанд зарбаи ҷаримавӣ таъйин накардааст. Илова бар ин, довари марказӣ дар ҳолати дигар бозигари «Хуҷанд» Фирдавс Абдусалимовро, ки муқобили бозигари ҳариф дағалона қоидаи бозиро вайрон кард, иштибоҳан корти сурх надод.

Бар асоси ин, Кумитаи доварони ФФТ тасмим гирифт, ки довар Амирҷон Хоркашевро аз ҳакамии тамоми бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон барои се давр барканор кунад.

Назари худро бинависед