Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов бо корҳои омодагии барандаи медали биринҷии лигаи олӣ дар мавсими гузашта – бошгоҳи «Хуҷанд» ва дастаи «Исфара», ки дар лигаи якум баромад мекунад, шинос шуд.
Субҳи 9 феврал ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон аз шаҳри Исфара дидан карда, бо муовини аввали раиси шаҳр Парвиз Файзуллозода мулоқоти корӣ доир намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи футбол дар Исфара ва дастгирии тими маҳаллӣ, ки имсол дар лигаи якуми Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад, баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин гурӯҳи кории ФФТ бо вазъи кунунии Варзишгоҳи марказии шаҳри Исфара, ки барои 20 ҳазор тамошобин пешбинӣ шудааст ва омодагии майдон барои баргузории бозиҳои чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якуми мавсими соли 2023 шинос шуд.
Ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон дар доираи сафари худ бо директори иҷроияи бошгоҳи «Хуҷанд» Муродҷон Умаров низ вохӯрд. Зимни вохӯрӣ бисёре аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон омода аст, барои ҳалли онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонад, зикр гардиданд. Ҳамчунин масъалаҳои риояи талаботи муқаррароти иҷозатномадиҳии КФО оид ба варзиш, инфрасохтор, кадрӣ-маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ барои дарёфти иҷозатномаи иштирок дар Ҷоми КФО-2023 баррасӣ шуданд.
Илова бар ин, ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон аз варзишгоҳи дастаи «Хуҷанд» – «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», ки 6 май бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлобро мизбонӣ мекунад, назар карданд.
Ҳамчунин, вохӯрии кории ҳайати ФФТ бо роҳбарият ва кормандони Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор гардид. Тарафҳо рӯйхати масъалаҳоеро тартиб доданд, ки бояд дар ояндаи наздик ҳал шаванд.