Файзалӣ Сардоров соли дуюм пайиҳам беҳтарин футзалбози Тоҷикистон эътироф шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Файзалӣ Сардоров соли дуюм пайиҳам беҳтарин футзалбози Тоҷикистон эътироф шуд

Капитани бошгоҳи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Файзалӣ Сардоров соли дуюм аст, ки беҳтарин футзалбози Тоҷикистон эътироф мешавад. 

Лигаи футзали Тоҷикистон маросими ҷамъбастии мавсими 2022-ро доир намуда, беҳтаринҳо ва ғолибону ҷоизадорони Суперлигаи футзали Тоҷикистонро қадрдонӣ намуд.

Дар маросим роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали кишвар ва меҳмонони зиёд ширкат намуданд.

Чорабиниро ноиби президенти ФФТ Дилшод Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, ғолибону ҷоизадорони мавсими анҷомёфтаро муборакбод гуфт.

Баъдан ба беҳтаринҳои мавсим ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.

Ҷоизаи «Чеҳраи умедбахш»-и солро бозигари «Соро компания» Идрис Ёров гирифт. Беҳтарин легионери чемпионат Муҳсин Муҳаммадзодаи эронӣ («Соро компания») дониста шуд. Ҳамлагари тими «Ориёнбонк» Ибодулло Назиров бо ҷоизаи «Беҳтарин бозигар байни дастаҳои ҳаваскор» сарфароз гардид. Ҷоизаи «Fair Play» насиби бозигари ҷавони «Истиқлол»-и Душанбе Насратшо Исмоилов шуд. Тибқи фарзияи гурӯҳи «Pure Game» дар Facebook Абдуқаюм Умаров, ки дар ҳайати бошгоҳи «Истиқлол» соҳиби медалҳои нуқраи чемпионат гардид, беҳтарин бозигар дониста шуд.

Голи беҳтарини мавсим голи дар силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон задаи дарвозабони «Истиқлол» Фирӯз Бекмуродов ба дарвозаи «Соро компания» эълон шуд. Ҷоизаи довари беҳтарини чемпионат ба Суҳроб Сатторов аз Турсунзода супурда шуд. Собирҷон Гуляков аз дастаи «Сипар»-и Хуҷанд беҳтарин нишонзани мавсим гардид. Сармураббии «Соро компания» Пайрав Воҳидов беҳтарин мураббии сол эълон шуда, сарвони «Соро компания» Файзалӣ Сардоров бошад, бори дуюм ҷоизаи беҳтарин футзалбози Тоҷикистонро ба даст овард.

Илова бар ин, дар маросими ҷоизасупорӣ ба бозигароне, ки ба ҳайати рамзии чемпионат шомил гардиданд, ҷоизаҳои инфиродӣ супорида шуданд. Ғолибону ҷоизадорони Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2022 низ бо медалҳо сарфароз гардиданд.

 

📃 Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар соли 2022: 

🔝 Ҷоизаи «Чеҳраи умедбахш» – Идрис Ёров («Соро компания»). 

🔝 Беҳтарин легионере, ки дар Суперлигаи Тоҷикистон-2022 бозӣ мекунад – Муҳсин Муҳаммадзода («Соро компания»). 

🔝 Бозигари беҳтарин байни дастаҳои ҳаваскор – Ибодулло Назиров («Ориёнбонк»). 

🔝 Ҷоизаи «Fair Play» – Насратшо Исмоилов («Истиқлол»). 

🔝 Бозигари беҳтарин тибқи фарзияи «Pure Game» – Абдуқаюм Умаров («Истиқлол»). 

🔝 Голи беҳтарини мавсим – Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»). 

🔝 Дастаи рамзии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 – Меҳдӣ Мустафоӣ, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Файзалӣ Сардоров (ҳама аз «Соро компания»), Собирҷон Гуляков («Сипар»). 

🔝 Довари беҳтарини футзал – Суҳроб Сатторов (Турсунзода). 

🔝 Беҳтарин дарвозабон – Меҳдӣ Мустафоӣ («Соро компания»). 

🔝 Нишонзани беҳтарин – Собирҷон Гуляков («Сипар»). 

🔝 Мураббии беҳтарин – Пайрав Воҳидов («Соро компания»). 

🔝 Футзалбози беҳтарини сол – Файзалӣ Сардоров («Соро компания»).

Назари худро бинависед