Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон 25-уми октябр таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рухдода, баррасӣ шуданд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Эсхата» (22 октябр), бозигари дастаи «Эсхата» Дилшодҷон Каримов бинобар истифодаи суханҳои таҳқиромез ё қабеҳ ва иҷрои имову ишораи таҳқиромез нисбат ба рақиб ё ягон шахси дигар аз 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 6, банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Эсхата» (22 октябр), директори дастаи «Эсхата» Ҷамшед Ҳусейнов бинобар таҳқири ҳайати доварон аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (22 октябр), бозигари тими «Равшан» (Кӯлоб) Муҳаммадалӣ Азизбоев бинобар барқасдона задани рақиб аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.