Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «D» бар тими Афғонистон пирӯз шуд.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Таун баргузор шуда, бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Рустам Камолов, Меҳрубон Одилзода ва Асадбек Махтумов ба ҳадаф расониданд. Як голи дигарро бозигари дастаи рақиб ба дарвозаи худ зад.
Дар даври ниҳоии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Урдун вохӯрӣ анҷом медиҳад. Бозӣ 6 сентябр баргузор мешавад. Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи навбатии мусобиқа ба дастаи мо зарур аст, ки дар ин вохӯрӣ ба пирӯзӣ ноил шавад.