Имрӯз, 6 сентябр бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 миёни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола баргузор мешаванд.
Дар гурӯҳи «D» мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Урдун бозӣ мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити»-и шаҳри Исо-Таун баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Барои роҳ ёфтан ба марҳилаи навбатии мусобиқа ба дастаи мо зарур аст, ки дар ин вохӯрӣ ба пирӯзӣ ноил шавад.