Тими миллии Тоҷикистон барои иштирок дар бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Ироқ ба воситаи дубай ба шаҳри Басраи Ироқ сафр кард.
Барои иштирок дар бозии дӯстона бо тими миллии Ироқ сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев 21 бозингарро ҳамроҳ гирифтаст.
Бозингарони тоҷикистоние, ки дар бошгоҳҳои футболи кишварҳои хориҷӣ бозӣ мекунанд, аз ҷумла муҳофизагар Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), ниммуҳофиз Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), инчунин ҳамлагар Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова) дар бозӣ муқобили тими миллии Ироқ ба дастаи мо кӯмак карда наметавонанд. Онҳо пеш аз бозии санҷишӣ бо Таиланд дар дубай ба даста ҳамроҳ мешаванд. Капитани «Истиқлол» Алишер Ҷалилов низ дар АМА ба даста мепайвандад.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Ироқ (24 май):
Дарвозабонҳо:
Рустам Ятимов («Истиқлол»)
Муҳриддин Ҳасанов («Истиқлол»)
Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)
Муҳофизон:
Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон)
Аҳтам Назаров («Истиқлол»)
Ваҳдат Ҳанонов («Истиқлол»)
Манучеҳр Сафаров («Истиқлол»)
Зоир Ҷӯрабоев («Истиқлол»)
Алиҷон Кароматуллозода (КМВА)
Ниммуҳофизон:
Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон)
Эҳсони Паншанбе («Навбаҳор», Узбекистон)
Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиқлол»)
Ислом Зоиров («Истиқлол»)
Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»)
Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»)
Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе)
Алиҷони Айнӣ (бе даста)
Ҳамлагарон:
Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия)
Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»)
Рустам Соиров («Истиқлол»)
Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»)
Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).