Конфедератсияи футболи Осиё ба Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи маҳаллии тадорукотӣ барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F”, ки аз 14 то 21 май дар Душанбе баргузор гардид, изҳори сипосгузорӣ баён намуд.
Дар мактуби расмии Котиби генералии Конфедератсияи футболи Осиё Дато Виндзор Ҷон, ки ба номи Котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов фиристода шудааст, аз ҷумла омадааст:
«Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллиро барои ташкили бомуваффақияти мусобиқаи марказонидашудаи Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F” табрик мегӯям. Бомуваффақият гузаронидани мусобиқа, бешубҳа, намоиши садоқат, меҳнати ФФТ ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ дар таъмини сатҳи баланди ташкилот, сарфи назар аз шароити душвори давраи пандемия мебошад. Мо ба кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои меҳмоннавозии олие, ки нисбат ба ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё ва клубҳои иштирокчӣ зоҳир карда шуд, ва барои ҳамаи чораҳо оид ба таъмин ва ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии ҳамаи иштирокчиён дар тӯли мусобиқа ташаккур мегӯем. Ташаккур ба ҳама ва мо бесаброна ҳамкории судманди дуҷонибаро бо Федератсияи футболи Тоҷикистон интизорӣ дорем”.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи марказонидашудаи Ҷоми КФО-2021 дар гурӯҳи “F” бо иштироки дастаҳои футболи «Хуҷанд» (Тоҷикистон), «Насаф» (Узбекистон), «Олтин Асир» (Туркманистон) ва «Олой» (Қирғизистон) аз 14 то 20 май дар Душанбе баргузор гардид. Дар рафти баргузории мусобиқа, дар маҷмӯъ шаш бозӣ гузаронида шуд. Бозиҳоро 12 850 нафр мухлисон дар варзишгоҳ мустақиман тамошо карданд. Ноиб-қаҳрамони Узбекистон “Насаф”-и Қаршӣ ғолиб омада ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфт. “Насаф” дар се бозӣ ғолиб шуда, нӯҳ имтиёзи имконпазирро ба даст овард.