Бозии даври аввали Ҷоми КФО-2020-ро дар гурӯҳи “D” байни ду дастаи футболи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” ҳайати доварон аз Кувайт хизматрсонӣ мекунанд.
Сардовари бозӣ рефери 35-солаи ФИФА Аҳмад Ал-Алӣ таъин шудааст. Ӯро дар канори майдон ҳамватанонаш – ёварони рефери ФИФА Яқуб Ал-Мутаирӣ и Абдулҳади Ал-Анезӣ кӯмак хоҳанд кард. Вазифаи довари эҳтиётиро Уммар Ашкананӣ ба зимма дорад. Нозири доварони бозӣ Маҳюб Содиқ аз Фаластин ва комиссари вохӯрӣ бошад Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз Имороти Муттаҳиддаи Араб таъин шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки ибозии даври якуми марҳили гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар квартети “D” байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” рӯзи 11 март, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Ҷоми КФО-2020
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум
11 март (чоршанбе)
Оғози бозӣ соати 18:00
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Сардовар: Аҳмад Ал-Алӣ (Кувайт).
Ёварон: Яқуб Ал-Мутаирӣ, Абдулҳади Ал-Анезӣ (ҳарду аз Кувайт).
Довари эҳтиётӣ: Уммар Ашканан (Кувайт).
Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).
Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (ИМА).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ