Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА дар Боку гардид – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА дар Боку гардид

Дар шаҳри Боку нахустин чемпионати ҷаҳон миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола, ки дар доираи фестивали ФИФА баргузор шуд, ба анҷом расид.

Аз рӯйи натиҷаҳои мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов ғолиби дивизиони Tier «D» гардид.

Дар марҳилаи чорякниҳоӣ наврасони тоҷик мунтахаби Литваро бо ҳисоби 5:2 мағлуб карданд. Дар даври нимниҳоӣ бар тими Ҷумҳурии Доминикан бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда, дар финал мунтахаби Канадаро бо натиҷаи 4:2 шикаст доданд.

Ин аввалин мусобиқа дар таърихи ФИФА буд, ки дар он 189 даста иштирок кард. Пас аз анҷоми мусобиқа ФИФА мавқеи ниҳоии дастаҳоро эълон кард. Ин нахустин раддабандии созмон дар ин синну сол буда, бар асоси натиҷаҳои бозиҳое тартиб дода шуд, ки ҳамзамон ва дар як макон баргузор гардиданд. Дар натиҷа, мунтахаби наврасони Тоҷикистон мақоми 97-умро касб кард.

Назари худро бинависед