Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дуюми дӯстона бо Қатар мусовӣ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии дуюми дӯстона бо Қатар мусовӣ кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Игор Суров дар доираи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар шаҳри Давҳа бо ҳамсолони худ аз Қатар бозии дуюми дӯстонаро анҷом дод.

Вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 ба анҷом расид. Қаблан, дар бозии аввали дӯстона футболбозони мо бар мунтахаби Қатар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буданд.

Рақобатҳои дӯстона бо мунтахаби Қатар яке аз марҳилаҳои омодагии дастаи наврасони Тоҷикистон ба чемпионати ҷаҳон-2026 ба шумор мераванд. Ин мусобиқа аз 19 ноябр то 13 декабр дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор мешавад.

Дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо тимҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) нерӯ месанҷад.

Назари худро бинависед