Ҳайати васеи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «King’s Cup 2026» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳайати васеи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар мусобиқаи «King’s Cup 2026»

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский ҳайати васеи дастаро барои иштирок дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» эълон кард. Мусобиқа аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Сисакети Тайланд баргузор мешавад.

Ба рӯйхати васеи мунтахаби Тоҷикистон 37 футболбоз шомил шудаанд, ки аз ин шумора 4 нафар дарвозабон, 13 нафар ҳимоятгар, 13 нафар нимҳимоятгар ва 7 нафар ҳамлагар мебошанд. Аз миёни онҳо барои иштирок дар мусобиқа 24 футболбоз ба ҳайати ниҳоии даста дохил карда мешаванд.

Дар рақобати нимниҳоии мусобиқаи «King’s Cup 2026» яккачини Тоҷикистон бо тими миллии Уммон, ки дар раддабандии феълии ФИФА мақоми 81-умро ишғол мекунад, вомехӯрад. Дар бозии дигари нимниҳоӣ мунтахабҳои Тайланд ва Бруней бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Бозиҳои нимниҳоӣ рӯзи 14 ноябр дар Варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мегарданд.

Ғолибони вохӯриҳои нимниҳоӣ ба финал роҳ ёфта, дастаҳои мағлубшуда барои ба даст овардани ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқаи «King’s Cup 2026» рӯзи 17 ноябр доир мешаванд.

Назари худро бинависед