Ташрифи комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ ба вилояти Суғд – Федерация Футбола Таджикистана

Ташрифи комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ ба вилояти Суғд

Комиссияи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳии бошгоҳҳои футболи кишвар бо роҳбарии Ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов дар вилояти Суғд қарор дорад.

Тибқи нақшаи корӣ, комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ давоми се рӯз шаш дастаи футболи вилояти Суғд – «Исфара» (Исфара), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Зафаробод), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Эсхата» (Хуҷанд)-ро, ки дар лигаҳои оливу якуми Тоҷикистон баромад мекунанд, санҷиш хоҳад намуд.

Дар рӯзи аввали ташрифашон ба вилояти Суғд комиссияи мазкур аз дастаҳои «Исфара»-и шаҳри Исфара ва «Пахтакор»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан намуд.

Дар марҳилаи аввали иҷозатномадиҳӣ, комиссияи ФФТ ҳуҷҷатҳоро оид ба иҷрои талаботи муқаррароти иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби бошгоҳҳои лигаи олӣ аз рӯи меъёрҳои варзишӣ, инфрасохтор, кадрҳо, маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ месанҷад.

Ҳамзамон, яке аз вазифаҳои асосии комиссия – мулоқот бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо барои таҳлили футбол ва дастгирии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи саросари кишвар мебошад.

Дар рафти сафари худ комиссияи кории ФФТ, аз рӯи натиҷаи санҷиш ба бошгоҳҳои футболи мамлакат камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳоро ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи зарурӣ нишон медиҳад.

Назари худро бинависед