Пента-трики Илҳом Баротови истаравшанӣ дар бозӣ бо “Файзканд” – Федерация Футбола Таджикистана

Пента-трики Илҳом Баротови истаравшанӣ дар бозӣ бо “Файзканд”

Дар бозии мавқуфгузоштаи даври понздаҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ “Истаравшан” дар майдони худ ба “Файзканд” бо ҳисоби бузурги 5 бар 2 дастболо гашт. Ҳамаи панҷ голи соҳибони майдонро капитани даста Илҳом баротов ба нишон зад. Ин ааввалин пента-трик дар мавсими футболи имсола мебошад. Баъди ин ғалаба “Истаравшан” дар ҷадвали мусобиқа ба  мақоми ҳафтум баромад.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 15ум

«Истаравшан» – «Файзканд» – 5:2

Голҳо: Илҳом Баротов, 11 – аз пеналти (1:0). Илҳом Баротов, 51 (2:0). Илҳом Баротов, 68 (3:0). Аббос Икромов, 86 (3:1). Илҳом Баротов, 90+2 (4:1). Илҳом Баротов, 90+4 (5:1). Шарафҷон Солеҳов, 90+5 (5:2).

29 сентябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

 

    Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 16 13 2 1 58-9 41
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 16 10 2 4 27-20 32
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 16 6 6 4 25-21 24
4 «Хатлон» (Бохтар) 16 6 6 4 26-23 24
5 КМВА (Душанбе) 16 6 5 5 24-23 23
6 «Душанбе-83» (Душанбе) 16 5 5 6 18-24 20
7 «Истаравшан» (Истаравшан) 17 4 4 9 28-37 16
8 «Файзканд» (Восеъ) 17 3 7 7 16-31 16
9 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 16 3 4 9 14-25 13
10 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 16 3 3 10 18-41 12

 

Нишонзанҳо: Илҳом Баротов («Истаравшан») – 17 гол, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 гол, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 голШериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 гол.

Назари худро бинависед