Иштирок дар семинари ФИФА – Федерация Футбола Таджикистана

Иштирок дар семинари ФИФА

Сардори шӯъбаи молияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Назрулло Бозоров ва сардори шӯъбаи кадрҳо Ҳасан Муборов дар семинари ФИФА барои кормандони шӯъбаҳои молияи Федератсияҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки дар давлати Бутан баргузор гардид, иштирок карданд.

Дар семинари мазкур намояндагони Федератсияҳои футболи Тоҷикистон, Бангладеш, Афғонистон, Ҳиндустон, Қирғизистон, Малдив, Непал, Покистон, Шри-Ланка, Узбекистон ва Бутан иштирок карданд.

Семинар ду рӯз идома ёфта, дар он дастурҳои нави умумии ФИФА оиди барномаи рушд ва масъалаҳои Федератсияҳои футболи миллӣ нисбати талабот ва риояву сариштаи буҷа, аудит ва тартиби ҳисобботҳо пешниҳоду баррасӣ шуданд.

111571115811159

Добавить комментарий