«Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» даври дуввумро бо ғалаба истиқбол карданд – Федерация Футбола Таджикистана

«Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» даври дуввумро бо ғалаба истиқбол карданд

Дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Реагр-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода даври дуввуми чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олиро бо ғалаба истиқбол карданд.

Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» футболбозони шаҳри Хуҷанд бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Дилшод Бозоров дар дақиқаи 33-юм аз зарбаи пеналтӣ ва Давронҷон Тӯхтасунов дар дақиқаи 66-ум бо голҳои задаашон «Хуҷанд»-ро ба аввалин ғалабааш дар мавсими нави футбол комёб гардониданд.

Давронҷон Тӯхтасунов, ки дар мавсими соли 2017 аз КМВА «Помир» ба «Хуҷанд» гузаштааст, аввалин голи худро дар дастаи наваш ба нишон расонид.

«Регар-ТадАЗ» дар меҳмонии дастаи «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор бо ягона голи Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 65-ум соҳиби се имтиёз гардид ва то бозиҳои дигар дастаҳо ба садри ҷадвали мусобиқот баромад.

Имрӯз дар Варзишгоҳи шаҳри Ҳисор дастаҳои «Панҷшер» бо «Ҳосилот» қувва меозмоянд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Вахш» – 2:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 33 – аз пенальти (1:0). Давронҷон Тӯхтасунов, 66 (2:0).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Ахмедов, Далерҷон Тӯхтасунов, Сохибҷон Ҳакимов, Шероз Абдуллоев, Дилшод Каримов, Эҳсон Бобоев, Отабек Каримов (Шоҳрух Раҷаматов, 72), Ҳикматулло Расулов (Мубин Мӯминов, 89), Давронҷон Тӯхтасунов (Фарҳод Тоҳиров, 85), Дилшод Бозоров.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳовиддин Холиқов (Баҳодур Толибов, 68), Холмурод Назаров (Хайриддин Тӯрахонов, 86), Азамҷон Муродов, Азим Раҳмонов, Хуршед Бекназаров, Валиҷон Зарифов, Умарҷон Шарифов (Парвиз Саидмуродов, 77), Худойдод Узоқов, Ҷамолиддин Зардиев, Далер Умаров, Собирҷон Холматов.

Огоҳӣ: Ҳикматулло Расулов, Далерҷон Тӯхтасунов («Хуҷанд»), Азамҷон Муродов, Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»).

Бозингари беҳтарин: Давронҷон Тӯхтасунов («Хуҷанд»).

Довари майдон: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Турдибек Кушназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

12 март. Хуҷанд. Варзишгоҳи  «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2000 тамошобин.

 

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ» – 0:1

Гол: Фирӯз Раҳматов, 65.

«Барқчӣ» (Ҳиссор): Бехрӯз Хайриев, Ваҳдат Ханонов, Ҳувайдо Малиев, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Муҳсин Парпиев, Кароматулло Саидов, Амирҷон Сафаров, Далер Ёдгоров (Тоҳир Малодӯстов, 85), Нуриддин Ҳамроқулов, Шаҳром Самиев (Шериддин Бобоев, 75).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Далер Азизов, Алишер Шарифов, Бахтиёр Қаландаров, Саидхони Амрохон, Фирӯз Қараев, Азим Тошев, Шерзод Маҳамадиев (Дороб Эргашев, 46), Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Фирӯз Раҳматов, Евгений Хотимский.

Огоҳӣ: Мӯҳсин Парпиев, Амирҷон Сафаров, Ваҳдат Ханонов («Баркчӣ»), Расул Пайзов, Бахтиёр Қаландаров, Фирӯз Қараев («Регар-ТадАЗ»).

Бозингари беҳтарин: Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»).

Довари майдон: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Нозири доварон: Алишер Урунов (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

12 март. Ҳиссор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошобин.

 

13 март (душанбе)

Оғоз: соати 16:00

«Панҷшер» – «Ҳосилот»

Ҳиссор, Варизшгоҳи марказӣ

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 1 1 0 2-1 4
2 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 6-0 3
3 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 3-2 3
4 «Ҳосилот» (Фархор) 1 1 0 0 2-1 3
5 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 1 0 1 0 1-1 1
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 0 1 0 0-0 1
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 0 1 1 0-2 1
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 2 0 0 2 0-7 0

Нишонзанҳои беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 , Дмитрий Барков («Истиқлол»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд»)  –  2 тӯбӣ.

Добавить комментарий