Зоир Ҷӯрабоев ба «Нефтчӣ»-и Виталий Левченко гузариш намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Зоир Ҷӯрабоев ба «Нефтчӣ»-и Виталий Левченко гузариш намуд

Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Ӯзбекистон иваз кард. Акнун бозигари 24-сола дар бошгоҳи «Нефтчӣ»-и Фарғона, ки онро сармураббии собиқи бошгоҳи «Истиқлол» Виталий Левченко роҳбарӣ мекунад, ҳунарнамоӣ мекунад. 

Дар мавсими гузашта Зоир Ҷӯрабоев шарафи тими «Сурхон»-и Тирмизро ҳимоя карда, дар Суперлигаи Ӯзбекистон 16 бозӣ анҷом додааст.

Ба ҷуз аз Ҷӯрабоев боз ду ҳимоятгари собиқи «Истиқлол»-и пойтахт – легионерҳои украинӣ Алексей Ларин ва Андрей Мишенко дар ҳайати «Нефтчӣ» баромад мекунанд.

Бояд гуфт, ки Зоир Ҷӯрабоев аз соли 2016 инҷониб бозигари тими миллии Тоҷикистон мебошад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати тими миллии кишвар 24 рақобат анҷом дода, як гол задааст (дар бозии дӯстона бо тими миллии Ӯзбекистон (1:2) 3 сентябри соли 2020).

Назари худро бинависед