Қуръакашии тақвими Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 рӯзи 2-юми март баргузор мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Қуръакашии тақвими Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 рӯзи 2-юми март баргузор мешавад

Қуръакашии тақвими Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2022 пасфардо, 2 март, дар «Кохи Парфенон»-и шаҳри  Душанбе баргузор мешавад. Оғози чорабинӣ – соати 10:00.

Дар 31-ум чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол даҳ даста – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод) иштирок мекунанд.

Мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзи 2 апрел оғоз шуда, дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар навбати аввал — ҳамаи даҳ даста дар ду қисм бозй мекунанд. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд ва имтиёзҳои дар марҳилаи аввал гирифташуда ба ҳисоб гирифта мешаванд. Аз рӯи натоиҷи марҳилаи аввал панҷ бошгоҳи беҳтарин дар гурӯҳи «А» дар як давр бозӣ карда, дар ҷадвали мусобиқа ҷойҳои аз 1 то 5-умро муайян мекунанд. Панҷ бошгоҳи боқимонда дар гурӯҳи «В» дар як давр бозӣ карда, ҷойҳои аз 6 то 10-ро ишғол намуда, барои бозмондан дар лигаи олӣ мубориза мебаранд ва ду дастаи поёнӣ дар охири мавсим ба лигаи аввал мегузаранд. Дар маҷмӯъ дар чемпионати Тоҷикистон-2022 ҳар даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Назари худро бинависед