Ҷуфтҳои бозиҳои чорякфналии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуданд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷуфтҳои бозиҳои чорякфналии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуданд

Бозиҳои марҳилаи 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон ҷамъбаст шуда, аз рӯи натоиҷи онҳо ҷуфтҳои бозиҳои марҳилаи 1/4 ниҳоӣ маълум шуданд.

Ба ин тартиб дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми миллӣ “Равшан”-и Кӯлоб бо “Истиқлол”, “Локомотив-Помир”-и Душанбе бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, “Эсхата”-и Хуҷанд бо “Хатлон”-и Бохтар ва “Истаравшан”-и Истаравшан бо «Кӯктош»-и Рӯдакӣ бозӣ мекунанд.

 

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Бозиҳои 1/8 финалӣ

«Истиқлол» – «Моҳир» – 11:0

ГолҳоМанучеҳр Ҷалилов, 5 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 18 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 26 – аз пеналти (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 30 (4:0). Вахит Оразсахедов, 31 (5:0). Эҳсони Пандҷшанбе, 63 (6:0). Шериддин Бобоев, 66 (7:0). Алишер Ҷалилов, 67 (8:0). Ваҳдат Ханонов, 73 (9:0). Рустам Соиров, 81 (10:0). Шериддин Бобоев, 85 (11:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Дилшод Додобоев, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев (Аҳтам Назаров, 46), Алексей Ларин, Ваҳдат Ханонов, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Хуршед-Тимур Ҷӯраев (Амадонӣ Камолов, 46), Алишер Ҷалилов, Вахит Оразсахедов (Рустам Соиров, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Шериддин Бобоев, 46).

«Моҳир» (Ёвон): Сӯҳроб Нуров, Манучеҳр Хидиров, Савриддин Раҷабов, Алишер Қурбонов, Муродбек Юсупов (Анваралӣ Каримов, 58), Алишер Куганов (Саидакбар Ҷурақулов, 46), Шаҳбоз Сафаров (Ҷовиддон Ғиёсов, 40), Баҳровар Ҳалимов, Акмал Зулполиев, Муҳаммадбобур Юсупов, Дилшод Тағоев (Ҳоҷиакбар Холмуродов, 58).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМанучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

СардоварНасим Ҳамидов (Душанбе).

Нозири доваронАбдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣАзизҷон Достиев (Турсунзода).

3 август. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

«Равшан» (Зафаробод) – «Эсхата» – 1:4

ГолҳоБоҳирҷон Сангинбоев, 14 (0:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 44 (0:2). Ҷӯрабой Исоев, 60 (0:3). Мубинҷон Муминов, 61 (0:4). Азизбек Маҳкамов, 86 (1:4).

«Равшан» (Зафаробод): Аҳлиддин Ҳабибуллоев, Умедҷон Давлатбеков, Мавлонҷон Исмоилов (Бобур Бойназаров, 79), Парвизҷон Деҳқонов, Бахтиёр Зарипов, Азимҷон Мавлонов (Шомаҳмад Охунов, 79), Фирӯз Ризомов, Музаффар Бобоҷонов (Умедҷон Исматов, 63), Сулаймон Собиров, Азизхон Абдусамиев (Азизбек Маҳкамов, 58), Аҳмад Туйчиев (Шерзод Солиев, 58).

«Эсхата» (Хуҷанд): Муминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Абдураҳмон Узоқов, Дилшод Каримов (Амирҷон Ҳомидов, 46), Умедҷон Одинаев (Фахриддин Умаров, 81), Ҳумоюн Азимов, Боҳирҷон Сангинбоев, Анвархон Темурхонов (Икром Каримҷонов, 61), Иброҳимхон Эшонхонов, Мубинҷон Муминов (Нарзулло Раҷабов, 71), Рустам Сабуров (Ҷӯрабой Исоев, 46).

Огоҳ0онида шудандМавлонҷон Исмоилов, Бахтиёр Зарипов («Равшан»), Ниёзалӣ Бобохонов, Рустам Сабуров, Ҷӯрабой Исоев («Эсхата»).

Аз майдон хориҷ шудАбдураҳмон Узоқов («Эсхата»), 67 – корти 2-юми зард

Беҳтарин бозигари вохӯрӣБоҳирҷон Сангинбоев («Эсхата»).

СардоварАбдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири доваронТурдибек Қӯшназаров (Гулистон).

Комиссари бозӣ: Аҳлиддин Юнусов (Хуҷанд).

3 август. Зафаробод. Варзишгоҳи «Равшан-Арена».

 

Бозиҳои 1/4 финалӣ

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»

«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»

«Эсхата» – «Хатлон»

«Истаравшан» – «Кӯктош»

Назари худро бинависед