Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ: пагоҳ дар меҳмонхони «Румӣ» нишасти хабарии пеш аз бозӣ доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ: пагоҳ дар меҳмонхони «Румӣ» нишасти хабарии пеш аз бозӣ доир мешавад

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО! 25 март дар остонаи бозии чаҳоруми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Чорабинии мазкур соати 14:00 оғоз мегардад.

Ба саволҳои хабарнигорон сармураббии тими миллии Тоҷикистон Гела Шекиладзе ва дарвозабони мунтахаби кишвар Рустам Ятимов посух хоҳанд дод. Дар нишасти хабарӣ аз ҷониби яккачини Арабистони Саудӣ сармураббӣ Роберто Манчини ва яке аз бозигарони даста ширкат мекунанд.

Ба диққати намояндагони ВАО мерасонем, ки бояд бо худ аккредитатсияҳои қаблан барои инъикоси бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дастрас кардаашонро дошта бошанд.

Назари худро бинависед