Тими миллии Тоҷикистон пас аз бозӣ бо Ҷопон тамрини барқароршавиро гузаронд – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон пас аз бозӣ бо Ҷопон тамрини барқароршавиро гузаронд

Тими миллии Тоҷикистон дар Осака баъди бозӣ бо мунтахаби миллии Ҷопон (1:4)  дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 тамрини барқароршавияшро гузаронд.

Пеш аз оғози тамринҳо, сармураббии тими мунтахаби миллии Тоҷикистон Усмон Тошев бо футболбозон мулоқоти кӯтоҳе анҷом дод ва дар он ба футболбозонаш иштибоҳ ва лаҳзаҳои мусбатро дар бозии марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 бо Ҷопон нишон дод. Сипас даста як соатро дар майдон гузаронд. Футболбозон дар ду гурӯҳ тамрин карданд.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби миллии Тоҷикистон бозии ниҳоии худро дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2022 дар гурӯҳи “F” бо тими миллии Мянмор анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ рӯзи сешанбеи 15 июн дар Осака баргузор мешавад ва соати 19:25 ба вақти маҳаллӣ (15:25 Душанбе) оғоз мегардад.

Назари худро бинависед