Тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА ба зинаи 106-ум баромад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА ба зинаи 106-ум баромад

Имрӯз, 30 ноябр Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) раддабандии нави тимҳои миллиро нашр кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА се зина боло – аз 109-ум ба 106-ум баромад. Дастаи мо дар ҳоли ҳозир 1195 хол дорад, ки ин назар ба рӯйхати қаблӣ 7,84 хол зиёд аст.

Дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт моҳи ноябр дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ду бозӣ анҷом дод – дар Душанбе бо тими Урдун мусовӣ (1:1) ва дар Исломобод бар мунтахаби Покистон (6:1) ғалаба намуд.

Миёни дастаҳои Осиё тими миллии Тоҷикистон дар ҷойи 19-ум қарор дорад.

Назари худро бинависед