Тими миллии Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ба Абу-Даби омад – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон барои бозии дӯстона бо мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ба Абу-Даби омад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт имрӯз, 22 март барои баргузории бозии дӯстона бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб вориди Абу-Даби шуд.

Ба ҳайати тими миллии кишвар 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.

Пас аз расидан ба Абу-Даби, даста дар меҳмонхонаи панҷситорадори «Гранд Миллениум Ал-Ваҳда» ҷойгир шуд. Дастпарварони Петр Сегрт пас аз андак истироҳат бегоҳӣ машқҳоро шуруъ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон рӯзи 25-уми март дар варзишгоҳи «Ал-Наҳаён»-и Абу-Даби доир мешавад. Оғози рақобат соати 22:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) дар назар аст.

 

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Амороти Муттаҳидаи Араб (25 март) ва Кувайт (28 март): 

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»); 

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Ӯзбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»); 

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Муродалӣ Акназаров («Анталяспор», Туркия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳама аз «Истиқлол»); 

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»). 

Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).

Назари худро бинависед