Тимҳои миллии Тоҷикистон: муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2022 – Федерация Футбола Таджикистана

Тимҳои миллии Тоҷикистон: муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2022

Соли 2022 дар таърихи варзиши Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Ин сол барои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон бобарор буд. Чаҳор дастаи мо тавонист вазифаи худро иҷро намуда, аз мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё бомуваффақият гузарад ва ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёбад. Биёед бори дигар ин воқеаҳоро ба ёд меорем!

 

ТИМИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки аз 7-ум то 14-уми июн дар Бишкек баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби мо дар даври интихобӣ бар Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) пирӯз шуда, бо Қирғизистон мусовӣ (0:0) кард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо пирӯзӣ дар мусобиқоти интихобӣ дар гурӯҳи худ барои аввалин бор дар таърих ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт.

Ҳамчунин мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии «King’s Cup-2022» дар Тайланд зинаи аввал ва дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Ӯзбекистон ҷойи сеюмро ба даст овард.

Дар маҷмуъ таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт мунтахаби Тоҷикистон дар соли 2022 9 бозии байналмилалӣ доир намуда, дар он панҷ пирӯзӣ (Қирғизистон – 1:0, Мянмар – 4:0, Сингапур – 1:0, Тринидад ва Тобаго – 2:1, Малайзия – 0:0, аз рӯйи пеналти – 3:0) ба даст оварда, ду вохӯриро мусовӣ кардааст (Қирғизистон – 0:0, Россия – 0:0) ва танҳо дар ду бозӣ (Уганда – 1:1, аз рӯйи пеналти – 4:5, Сурия – 0:1) мағлуб шудааст.

 

МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ба панҷгонаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2022 ворид шуд. Моҳи апрел футзалбозони мо дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар Бишкек бо Афғонистон (4:4), Непал (11:1), Ӯзбекистон (2:5) бозӣ карда, мақоми дувумро касб карданд. Дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт футзалбозони Тоҷикистон дар гурӯҳи худ аз Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пурқувваттар баромада, аз Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрданд. Дастаи мо дар даври чорякфиналии чемпионати Осиё аз Таиланд бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Яккачини футзали Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо мунтахаби Русия, ки моҳи ноябр дар Душанбе баргузор шуданд, ҳунарнамоии муҷалло нишон дод.

 

МУНТАХАБИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН (U-20)

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Аҳлиддин Турдиев дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14-ум то 18-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, мақоми аввалро соҳиб гардид. Ҷавонони мо дар даври интихобӣ бар дастаҳои Лубнон (4:0) ва Камбоҷа (2:1) пирӯз шуда, бо Сингапур мусовӣ (0:0) карданд.

Дар чемпионати CAFA-2022 (U-20) дар Душанбе мунтахаби то 20-солаи Тоҷикистон медалҳои биринҷӣ ба даст овард.

 

МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17)

Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон низ тавонист, вазифаи дар наздаш гузошташударо иҷро намуда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёбад. Дастаи наврасони мо таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи интихобӣ бар дастаҳои Муғулистон (3:0) ва Афғонистон (2:0) зафар ёфта, дар гурӯҳи «Н» мақоми аввалро касб кард. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 13 то 20 май дар Душанбе баргузор шуд, мунтахаби наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Назари худро бинависед