Таърихи вохӯриҳои дастаҳои Уммон ва Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

Таърихи вохӯриҳои дастаҳои Уммон ва Тоҷикистон

Имрӯз, 14 июн дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» дар чаҳоргонаи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Уммон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вохӯрии дарпешистода шашумин дидори дастаҳои мунтахаби футболи ду кишвар хоҳад буд. Мунтахаби Тоҷикистон аз панҷ бозии қаблӣ ҳамагӣ як бор – 7 августи соли 1999 дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2000, ки дар Душанбе баргузор шуда буд, бар тими Уммон ғалаба кардааст. Дар он вохӯрӣ бо шарофати голҳои Вячеслав Князев ва Денис Кулбоев дастаи мо бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда буд. Як рақобати дигар миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Уммон мусовӣ анҷом ёфтааст. Дар се бозии боқимондаи дӯстона дар майдони худ тими Уммон пирӯз шудааст.

Шашумин бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Уммон чӣ гуна анҷом меёбад, мо шоми имрӯз, 14 июн хоҳем фаҳмид.

 

️ Таърихи вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Уммон ва Тоҷикистон:

 🏆 Бозиҳои Осиёӣ-1998

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇴🇲 Уммон – 3:3

️ Голҳои Тоҷикистон: Шуҳрат Ҷабборов, 11, Тоҳир Муъминов, 25, 68.

🏟 12.12.1998 | Бангкок, Тайланд

 

🏆 Ҷоми Осиё-2000. Марҳилаи интихобӣ

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇴🇲 Уммон – 2:1

️ Голҳои Тоҷикистон: Вячеслав Князев, 21, Денис Кулбоев, 29.

🏟 08.07.1999 | Душанбе, Тоҷикистон

 

🤝 Бозии дӯстона

🇴🇲 Уммон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 4:2

️ Голҳои Тоҷикистон: Комил Саидов, 26, Иброҳим Рабимов, 47.

🏟 16.12.2007 | Масқат, Уммон

 

🤝 Бозии дӯстона

🇴🇲 Уммон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 2:1

️ Голҳои Тоҷикистон: Шарафҷон Солеҳов, 89.

🏟 13.12.2018 | Масқат, Уммон

 

🤝 Бозии дӯстона

🇴🇲 Уммон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 1:0

🏟 16.12.2018 | Масқат, Уммон

Назари худро бинависед