Ҷуфтҳои ниманиҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал муайян шуданд. Дар бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ дастаҳои «Соро компания» – «Сипар» ва «Истиқлол» – «Истаравшан» ба ҳам меоянд.
Бозиҳои аввали даври ниманиҳоӣ рӯзи 23 октябр баргузор мешаванд. Вохӯрии «Истиқлол» ва «Истаравшан» дар маҷмааи варзишии нави «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 14:00 оғоз мешавад. Ҳамон рӯз соати 17:00 дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бозии 1/2 ниҳоӣ байни дастаҳои «Соро компания»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд шуруъ мегардад.
Бар асоси низомномаи Суперлигаи Тоҷикистон-2022 бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ аз силсилаи то ду пирӯзии яке аз дастаҳо иборат аст. Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар бозии ниҳоӣ ва дастаҳои мағлубшуда барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.
🏆 Суперлигаи Тоҷикистон-2022 оид ба футзал
⚽️ 1/2 ниҳоӣ. Бозиҳои аввал
📆 23 октябр (якшанбе)
⏰ Оғоз – соати 14:00
⚪️ «Истиқлол» – 🔵 «Истаравшан»
🏟 Душанбе, Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»
📆 23 октябр (якшанбе)
⏰ Оғоз – соати 17:00
🟢 «Соро компания» – 🔴 «Сипар»
🏟 Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон