«Соро компания» – барандаи Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2021 – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» – барандаи Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2021

Дар бозии ифтитоҳии мавсими нави футзали Тоҷикистон “Соро компания”-и Душанбе бар қаҳрамони амалкунандаи футзали Тоҷикистон – “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуда, Суперҷоми футзали кишварро соҳиб гашт.

Бозӣ барои Супекрҷоми Тоҷикистон рӯзи 5-уми июн дар маҷмааи варзишии “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гашт. Голҳои ғолибонро Фирӯз Сангов ва Муҳсин Муҳаммадӣ ба ҳадаф расонданд.  

 

Суперҷоми футзали Тоҷикистон-2021

«Сипар» (Хуҷанд) – «Соро компания» (Душанбе) – 0:2

ГолҳоФирӯз Сангов, 35 (0:1). Муҳсин Муҳаммадӣ, 37 (0:2).

«Сипар» (панҷгонаи аввалӣ): Фирӯз Бекмуродов, Дилшод Саломов, Умед Кузиев, Парвиз Раҳматов, Шоҳрух Ҳамидов.

«Соро компания» (панҷгонаи аввалӣ): Мустафои Маҳдӣ, Идрис Ёров, Насим Шарипов, Муҳаммад Раҷабов, Фаридун Неъматов.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Фирӯз Сангов («Соро компания»).

СардоварСафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

5 июн. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш». 1000 тамошобин.

Назари худро бинависед