Лигаи футболи Тоҷикистон натоиҷи моҳи июлро ҷамъбаст намуда, беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббиро муайян намуд.
Моҳи июл ду даври бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон баргузор шуд. Аз рӯи натиҷаи онҳо, доварони салоҳиятдор беҳтарин бозигари моҳи гузашта, нимҳимоятгари 19-солаи КМВА-и Душанбе Шервони Мабатшоевро муайян карданд. Дар ин моҳ Мабатшоев дар ҳарду бозӣ ба дарвозаи ҳарифон гол зада, дар ғалабаи дастааш саҳм гузошт. Шервонӣ дар бозӣ муқобили «Регар-ТадАЗ» (3:1) ба задани ду гол ва дар бозӣ бо “Истаравшан” (2:1) бошад ба задани як гол муваффақ шуд.
Унвони беҳтарин мураббии моҳи июлро сармураббии «Хуҷанд» Рустам Хоҷаев соҳиб шуд. Рустам Хоҷаев пас аз нав шурӯъшавии чемпионати Тоҷикистон дастаи соҳили Сирдарёро роҳбарӣ мекард. Таҳти роҳбарии Хоҷаев, ҷоизадори медали нуқраи мавсими соли гузашта, дар моҳи июл ду ғалабаи “хушк” ба даст овард. “Хуҷанд” дар ин бозиҳо “Локомотив-Помир” (2:0) ва “Душанбе-83” (1:0)-ро мағлуб намуд.
Мукофотҳои пулии таъсисдодаи Лигаи футболи Тоҷикистон пеш аз оғози бозиҳои марҳилаи 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба соҳибонашон супорида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки қаблан унвони беҳтарин бозигар ва беҳтарин мураббиро дар моҳи апрел
Куайе Годсон ва Аслиддин Ҳабибуллоев (ҳарду аз «Хатлон») ва дар моҳи июн бошад Эҳсони Панҷшанбе ва Виталий Левченко (ҳарду аз «Истиқлол») соҳиб шуданд.