Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев дар шаҳри Масқат нахустин бозии санҷишии худро анҷом дод.
Ҳарифи тими мо мунтахаби ҷавонони Уммон буд. Вохӯрӣ бо пирӯзии соҳибони майдон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Ягона голи мунтахаби Тоҷикистонро Аҳмадҷон Шоев ба самар расонд.
Бозии дуюми санҷишӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Уммон рӯзи 12 июл дар шаҳри Масқат баргузор мешавад.