Дар доираи омодагии доварони футболи Тоҷикистон ба қисми дуюми мавсим, имрӯз, 16 июл дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзоб курсҳои омӯзишии «FIFA MA Elite Referees Course» оғоз гардид.
Машғулиятҳоро дастурдиҳандаи ФИФА ва Конфедератсияи футболи Осиё Ҳакан Аназ аз Австралия мегузаронад. Ба ӯ инструктори омодагии ҷисмонии доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Кристина Пронженко кӯмак мерасонад.
Дар курсҳо 35 довари футбол – 12 довари марказӣ, 21 ёвар, як довари VAR ва як ёвари эҳтиётӣ иштирок доранд. Ҳамзамон, нозирони Лигаи олии Тоҷикистон низ ба ин барномаи омӯзишӣ фаро гирифта шудаанд.
Дар рӯзи аввал ҳамаи иштирокчиён аз санҷишҳои ҳатмии омодагии ҷисмонӣ бомуваффақият гузашта, омодагии худро барои фаъолият дар қисми дуюми мавсим тасдиқ карданд.
Курсҳои панҷрӯзаи ФИФА машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро дар бар гирифта, то 20 июл идома хоҳанд кард. Дар ҷараёни омӯзиш доварон бо навтарин тағйироту тавсияҳои қоидаҳои доварӣ, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026 татбиқ шуда истодаанд, аз наздик шинос мегарданд.
Тавре роҳбари раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев иброз дошт, аз қисми дуюми мавсим дар бозиҳои чемпионати Тоҷикистон чанд навовариҳо ҷорӣ мешаванд, ки аллакай дар Ҷоми ҷаҳон-2026 истифода гардиданд ё дар марҳилаи озмоиш қарор доранд.