Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии Рустам Хоҷаев дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар шаҳри Масқат бозии дуюми санҷишии худро баргузор кард.
Рақиби дастаи мо боз мунтахаби ҷавонони Уммон буд. Вохӯрӣ имрӯз, 12 июл дар шаҳри Масқат баргузор шуда, бо пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Голҳои дастаи моро Зариф Зарифзода ва Азизбек Муратов ба самар расониданд.
Қобили зикр аст, ки бозии санҷишии якум байни ин ду даста, се рӯз пеш баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи мунтахаби ҷавонони Уммон анҷом ёфта буд.