Тоҷикистон дар СММ нақши технологияҳои рақамӣ ва футболро дар таҳкими солимии равонии ҷавонон муаррифӣ намуд – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон дар СММ нақши технологияҳои рақамӣ ва футболро дар таҳкими солимии равонии ҷавонон муаррифӣ намуд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ибтикори Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ ва дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Як ҷаҳон, як бозӣ, як ҳадаф: Футбол ҳамчун омили пешбурди солимии равонӣ ва некӯаҳволии ҷавонон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ноиби якуми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, президенти FIFA Ҷанни Инфантино ва Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон Фелипе Пауллиер иштирок намуда, нақши футбол ва технологияҳои муосирро дар таҳкими солимии равонӣ, рушди ҷавонон ва густариши ҳамгироии иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустам Эмомалӣ ташаббуси байналмилалии эълон намудани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футболро пешниҳод намуд, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, имрӯз ба таҳкими сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Дар доираи чорабинӣ видеои маъракаи «Тӯбро ба дигар нафар парто», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ Тоҷикистон таҳия гардидааст, намоиш дода шуда, истифодаи васеи воситаҳои рақамии иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба масъалаҳои солимии равонӣ ва некӯаҳволӣ намунаи муваффақи ҳамгироии варзиш ва технология арзёбӣ гардид.

 

Назари худро бинависед