Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол фестивали футбол баргузор намуд. Дар ин чорабинии идона зиёда аз 100 кӯдаки синну соли гуногун ва намояндагони миллатҳои мухталиф иштирок карданд.
Дар доираи фестивал кӯдакон дар эстафетаҳо, бозиҳои шавқовар ва дигар чорабиниҳои варзишию фароғатӣ ширкат варзиданд. Машғулиятҳои омӯзиширо барои иштирокчиёни наврас собиқ бозигарони тими миллии Тоҷикистон – Комил Саидов, Акмал Сабуров ва Соҳиб Саванқулов гузарониданд.
Фестивал аҳамияти ташаббуси таъсиси Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустам Эмомалӣ қабул гардидааст, бори дигар таъкид кард.
Қобили зикр аст, ки шарикони баргузории фестивали футбол дар Ню-Йорк ширкатҳои «Сиёма», «Себистон-2018» ва «Глобал Лизинг» буданд, ки дар ташкили ин чорабинӣ саҳми арзанда гузоштанд.