Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Рустам Ятимов барои корти сурх дар бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон (3:1), ки рӯзи 19 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, маъзарат хост.
«Аз ҳар нафаре, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе буд ва тариқи телевизион бозиро тамошо кард, барои худдорӣ накарданам узр мепурсам. Ба эҳсосот дода шудам, ин амал набояд рух медод. Дар утоқи либосивазкунӣ аз ҳамдастаҳоям ва ҳайати мураббиёни тими миллӣ узр пурсидам. Ваъда медиҳам, ки дигар такрор намешавад», – гуфт Рустам Ятимов.
Ёдовар мешавем, ки Рустам Ятимов бинобар корти сурхи гирифтааш дар бозии дӯстонаи навбатии тими миллии Тоҷикистон ширкат карда наметавонад.